Бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи омӯзгор тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи ҳавасмандгардонии мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» 111 нафар мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо мукофоти пулӣ- ба ҳар нафар 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, ин нафарон бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва бо мақсади дастгирию ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва омӯзгорону мураббиёне, ки дастпарваронашон дар озмунҳои шаҳрӣ ғолиб гардидаанд, инчунин тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа қадрдонӣ карда шуданд.
Мавсуф зикр кард, ки ин маблағ аз ҷумла ба 100 нафар омӯзгоре, ки на кам аз се хонандаашон дар олимпидаҳо ҷо гирифтаанд ва 4 нафар мураббӣ, ки тарбиягирандагонаш ғолиби озмуни шаҳрии «Доноякон» шудаанд, инчунин 7 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби озмуни шаҳрии «Ватанпарвар» ва барои саҳмгузорӣ дар озмунии шаҳрии «Килки сабз» сохиби ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд, супорида шуд, ки дар маҷмӯъ 333 ҳазор сомониро ташкил медод.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд






