Бонки миллии Тоҷикистон ба оператори низоми пардохтии «Вестерн Юнион Нетворк» иҷозатномаи фаъолият дод

Октябрь 4, 2022 14:37

ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба «Вестерн Юнион Нетворк» -и Фаронса барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Вестерн Юнион» ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тасмими мазкур мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» гирифта шудааст.

Дар асоси қарори мазкур Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадор гардидааст, ки ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 4, 2022 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад