ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ДЗЮДО. Темур Раҳимов қувваозмоиро барои медали биринҷӣ идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар даври нимниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд аз намояндаи Ҷопон Сайто Татсуро мағлуб шуда, қувваозмоиро барои дарёфти медили биринҷӣ идома медиҳад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал Темур Раҳимов озод буд ва дар даври дуюм намояндаи Словакия Мариус Физелро мағлуб кард.
Дар даври сеюм Темур Раҳимов ҳанӯз дар сонияҳои аввали рақобат бо имтиёзи иппон дзюдочии фаронсавӣ Жосеф Терҳекро шикаст дод.
Темур дар даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Минйонг Кими пирӯз шуда, ба даври нимфинал роҳ ёфт.
Барои дарёфти медали биринҷӣ варзишгари тоҷик бо намояндаи Гурҷистон Гурам Тушишвили қувваозмоӣ мекунад.
АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо








Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд






