Дар Бадахшон ба хотираи 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар конференсия доир гардид

Октябрь 6, 2022 10:28

ДУШАНБЕ, 06.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муносибати гиромидошти Рӯзи забони тоҷикӣ дар Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» ва ҷашни 110 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар – «Шоири маҳбуби қуллаҳои гардунбўс» конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҳамоиш  дар саҳни театри мазкур аз  ҷониби Раиси ВМКБ  Алишер Мирзонабот ва муовини Раиси ҲХДТ  Хайринисо Юсуфӣ албом-эстафетаи «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» ба раиси шаҳри Хоруғ тақдим шуд. Баъдан ҳайати расмӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ.

Дар конференсия  ҳамчунин  муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Фарангис Шарифзода, олимону шоирон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок  доштанд.

Конференсияро Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, аз ҷониби Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таҳкими мақоми забони давлатӣ ва посу эҳтироми хотираи неки фарзонафарзандони миллат иқдомҳои наҷибу устувор роҳандози гардиданд. Президенти мамлакат  аз рӯзи нахустини роҳбарияшон сиёсати хешро  маҳз дар заминаи арзишу анъанаҳои волои умумиинсонию миллӣ пойдор намуда, дар китоби  «Чеҳраҳои мондагор» ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон, ташаккул ва таҳкими тафаккуру хотираи таърихиро яке аз омилҳои зарурии инкишофи давлат дониста, иброз доштанд: «Барои он ки давлати мо пойдору побарҷо ва ҷовидон бошад, мо бояд аз таърихи худ сабақ омӯзем, то роҳи фардои давлату миллатро боз ҳам равшантару ҳамвор созем».


Дар конференсия ҳамчунин гуфта шуд, ки устод Мирсаид Миршакар ҳамсоли як давраи нави инқилобӣ ва пуртаҳаввулоти таърихи миллати тоҷик мебошад. Бо барпо шудани ҳукумати Шӯравӣ муборизаҳои шадид барои таҳкими ҷойгоҳи миллати тоҷик, аз он ҷумла, забони тоҷикӣ ба миён омаданд. Зеро аз як ҷониб агар ҷараёнҳои шовинистии давлатҳои ба мо «дўст» мавҷудияти миллати кӯҳанбунёди тоҷикро инкор мекарданд, аз тарафи дигар омилҳои иртиҷоии хурофотии дохилӣ монеи навгониҳои судманд мешуданд. Дар чунин вазъият, дар радифи сарсупурдагони миллат Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемуру даҳҳо фарзандони вафодори миллат як зумра ҷавонони ғаюру диловар, ки устод Мирсаид Миршакар дар қатори онҳо буд, ба майдони мубориза ворид шуданд.

-Зимнан, бо ифтихор бояд тазаккур дод, ки соҳибистиқлолии мамлакат ва махсусан сиёсати асосноку маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳои мусоидро фароҳам овард, то ки талошҳои ватанпарастони аҳди Шӯравӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор орад, — илова кард Алишер Мирзонабот.

Раиси ВМКБ таъкид кард, ки дар заминаи сиёсати оқилонаву фарҳангпарваронаи Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдастӣ мо метавонем дар ин самт корҳои назаррасу муфидро анҷом дода, ҳам хотираи неки ниёгони сарбаландамонро пос дорем ва ҳам вазифаҳои муҳимамонро дар ҷодаи таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзу ҳимояи дастовардҳои таърихию фарҳангӣ шарафмандона иҷро намоем.

Дар ҳамоиш муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриннисо Юсуфӣ аз саҳми Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдату истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки маҳз заҳматҳои хастагинопазири Роҳбарияти Олии мамлакат буданд, ки миллат ва мардуми тоҷик имрӯз сарҷамъ ва дар кишварамон суботи комил ҳукмфармо аст.

Сипас  муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Фарангис Шарифзода, котиби шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров Ҳоким Қаландариён, собиқадорон, ҷавонон баромад намуда, оид ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ, мақому манзалати забони тоҷикӣ дар давлатдории тоҷикон ва асолати ашъори мондагори устод Мирсаид Миршакар маърӯза намуданд.

Баъдан  дар фазои тантанавӣ туҳфаи хотиравии Кумитаи Маркази Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо акси устод Мирсаид Миршакар ба Раиси вилоят тақдим гардид.

Конференсия бо  барномаи консертии аҳли фарҳанги ВМКБ, ки саропо васфи истиқлолу озодии меҳанро таҷассум мекард, анҷом ёфт.

                     АКС: маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Октябрь 6, 2022 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид