Дар пасманзари буҳрони энергетикӣ Аврупоро зимистони сахт интизор аст

Октябрь 3, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимистони имсолаи аврупоӣ  аз маъмулӣ сардтар шуда, ба он бориш ва бодҳои камтар барои тавлиди неруи барқ метавонанд ҳамроҳ бошанд. Дар ин бора Financial Times бо истинод ба Маркази пешгӯии обу ҳавои миёнамуҳлати Аврупо (ECMWF) хабар медиҳад.

«Дар сурати чунин ҳолат он барои энергетика на танҳо аз сабаби каме сардтар шудани ҳаво, балки бинобар кам вазидани шамол барои (қабули – тавзеҳи идора) энергияи бодӣ ва кам шудани бориш барои энергетикаи обӣ хеле мушкил хоҳад буд», гуфт роҳбари ECMWF Флоренс Рабйе.

Ин пешгӯӣ метавонад барои бисёр сиёсатмадороне, ки кӯшиши мубориза бо болоравии арзиши  неруи барқ ва зимни он даст кашидан аз нафту гази Россияро доранд, ногузир  бошад.

Қаблан маълум шуд, ки гирифтани газ аз анборҳои зеризаминии Иттиҳоди Аврупо бори аввал аз баҳор инҷониб аз пуркунии он зиёдтар шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 3, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид