Дар Пекин Анҷумани ХХ Ҳизби Коммунистии Чин ба кори худ шуруъ кард

Октябрь 17, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 17.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Анҷумани 20-уми Ҳизби Коммунистии Чин дирӯз, 16 октябр дар Хонаи маҷлисҳои мардумӣ дар  майдони Тянанмэни Пекин кушода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Синхуа».

Қариб 2,3 ҳазор нафар вакилони форум ба Пекин аз ноҳияҳои гуногуни Чин барои иштирок дар анҷумани 20-уми Ҳизби Коммунистии Чин омаданд.

Маросими ифтитоҳи Анҷумани 20-уми Ҳизби Коммунистии Чин соати 10:00 бо вақти Пекин оғоз шуд.

Котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Си Ҷинпин аз номи КМ ҲКЧ маърӯза мекунад. Мувофиқи рӯзнома, дар анҷуман ғайр аз маърӯзаи ҳисоботии КМ ҲКЧ, даъвати XIX, ҳисобот дар бораи кори Комиссияи марказии тафтиши интизоми ҲКЧ шунида шуда, тағйирот ба оинномаи Ҳизби Коммунистӣ, ки барои идоракунии ҳизб ва давлат нуқтаи назари муҳим ва нави назариявию идеяҳои стратегӣ доранд, баррасӣ ва тасдиқ мегарданд.

Вакилони анҷуман ҳайати нави Кумитаи марказии ҲКЧ, даъвати XX ва комиссияи марказии тафтиши интизомро интихоб мекунанд.

Тавре ки аз ин пеш намояндаи расмии Анҷумани 20-уми Ҳизби коммунистии Чин Сун Ели гуфта буд, дарҳол баъд аз форум пленуми якуми ҳайати нави КМ барпо мегардад, ки дар он ҳайати Бюрои сиёсӣ ва Кумитаи доимии он (ҲК) нав карда мешавад.

Анҷумани 20-уми Ҳизби коммунисти Чин то 22 октябр идома меёбад.

АКС: Xinhua

Октябрь 17, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд