Дар Таиланд собиқ корманди пулис қариб 36 нафар, аз ҷумла 22 кӯдакро парронд

Октябрь 7, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 6 октябр, сержанти собиқи пулис, ки соле қабл барои нашъамандӣ аз хизмат барканор гардида буд, дар Маркази рушди барвақтии кӯдакон дар музофоти Нонгбуалампху дар шимолу шарқи Таиланд тирпарронӣ доир кард. Қариб 36 нафар кушта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии Thai PBS.

Қаблан дар бораи 32 қурбонӣ — 24 кӯдак ва ҳашт калонсол маълумот расида буд.

Гуфта мешавад, ки кормандони пулис аввалан мошини боркаши ин мардро дар таваққуфгоҳи манзилаш пайдо кардаанд. Неруҳои амниятӣ бо гумони он ки тирандоз дар дохили мошин аст, биноро иҳота карда, хостанд вориди музокира шаванд, аммо касе посух надодааст.

Бар асоси ин онҳо тахмин мезананд, ки ҷинояткор савори мошини дигар фирор кардааст ё пиёда ба ҷое рафтааст, вале бо гузашти чанд вақт аъзои гурӯҳи фаврӣ ҳамоно ба хона зада даромадаанд. Дар хона онҳо ҷасади худи сержант, зан ва кӯдаки ӯро бо ҷароҳатҳои аз тир гирифта пайдо карданд. Ин тирҳо бо тирҳои пистолете, ки сержант аз он дар боғчаи кӯдакон парронида буд, мувофиқат намуданд.

Ба иттилои шабакаи телевизионӣ, аз онҷо силоҳ низ дарёфт шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 7, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд