Дар Тоҷикистон «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Россия таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. Дар асоси ҳуҷҷати мазкур намояндагии ин Корхонаи воҳиди давлатии федералӣ дар Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Дар ин бора дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ёддошти тафоҳум имрӯз зимни мулоқоти намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Россия бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ ҷиҳати баррасии имконияти таъсис ба имзо расид.
Мулоқот таҳти роҳбарии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, муовини директори генералии КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид» — и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Фёдор Карповетс, мушовири директори генералии Хадамоти мазкур Олег Костюков, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Тоҳир Каримзода ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон доир гардид.
Зикр шуд, ки асоси ҳамкории мазкур дар Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия муайян гардидааст.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, мусоидат ба рушди муносибатҳои дуҷониба байни Хадамоти муҳоҷират, муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар» дар шаҳри Душанбе, «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид» баррасӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки таъсиси намояндагии КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Россия пеш аз сафар ба Федератсияи Россия мусоидат менамоянд.
Инчунин ҳайати КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия аз Хадамоти муҳоҷират, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафар ба муҳоҷирони меҳнатӣ», Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» дидан намуда, бо мақсади амалӣ намудани Ёддошти тафоҳум масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи судмандро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






