Дилрабо Мансурӣ бо Виктор Олшавский мулоқот намуд

Октябрь 11, 2022 11:55

ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо Роҳбари дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон Виктор Олшавский мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дилрабо Мансурӣ ба ТУТ барои дастгирии амалӣ ва таъмини Тоҷикистон бо таҷҳизоти муҳофизатӣ ва тиббӣ дар давраи пандемия изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки «саломатии ҷомеа барои ҳар давлат зарур аст. Аз ин рӯ, мо бояд саломатии мардумамонро ҳифз намуда, барои онҳо тамоми шароитро фароҳам орем».

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии вирус тадбирҳои зарурӣ меандешад ва бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ТУТ ҳамкории зич дорад»,- гуфт Дилрабо Мансурӣ.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки Тоҷикистон аз соли 1992 узви ТУТ аст ва тайи ин муддат дар доираи ин созмон хеле фаъол буд.

Қонунгузории Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои махсуси қонунгузорӣ оид ба ҳифзи саломатӣ, модар, кӯдак ва дастгирии иҷтимоии оила ҷавобгӯ мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки ҳанӯз соли 2016 вакилони парлумон Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва қабул карда буданд, ки дар он 16 қонуни қаблан қабулшуда танзими соҳаи тандурустӣ ва самтҳои ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсиониро дар бар мегирад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

Дар мулоқот раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Парвиз Шодизода сухан гуфтанд.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 11, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид