ЭМОМАЛӢ НОМ НИҲОДАН БА ФАРЗАНДОН НИШОНАИ МУҲАББАТИ БЕАНДОЗАИ МАРДУМ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Эҳдо ба зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Октябрь 5, 2022 14:01

ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон ба тарғибу тавсиф эҳтиёҷ надоранд. Зеро дар таърихи давлатдорӣ ва шоҳсолорӣ кам касоне ба мисли Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба ояндаи нек раҳнамоӣ кардаанд. Ин абармарди миллат, забардасти миллат, тоҷдори миллат ва Пешвои миллат тавонистанд бо неруи созанда, ақли солим, далерию ҷасурӣ, матонату кордониашон миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд. Имрӯз Тоҷикистон ба симмати давлати шинохтаи ҷаҳон ва Сарвари он ба ҳайси ташаббускори байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон эътироф гардидаанд.

Бо чунин муқаддима оғоз мешавад матлабе, ки раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, доктори илмҳои фалсафа, дотсент Саидмурод ФАТТОҲЗОДА ва мудири шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато СУЛТОНОВ оид ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудаанд.

Муаллифон дар идомаи матлаб чунин изҳори назар карданд:

Бидуни ҳеҷ тамаллуқ, бидуни ҳеҷ манфиат, ба хотири баёни ҳақиқат ва иҷрои рисолати инсонӣ ин лаҳзаҳо таърихи пурфоҷиаи миллати хешро бо садои парокандаи фарзандони барӯманди халқи тоҷик, ки дар замони бедавлатии хеш ба бедавлатон давлатдорӣ омӯхта, ба бефарҳангон фарҳангу адаб дода, бо мушти хоку забони шевои ашъори гуҳарбори тоҷикӣ дар паҳноҳои мухталифи олам берун аз Ватан бо орзую омоли ватандорӣ дар ғарибӣ чашм ба хоби абад рафтаанд, пеши назар меорем.

Президент Эмомалӣ Раҳмон

Ин номро бештари президентҳои имрӯзаву собиқи ҷаҳон ва бисёр сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ бо ифтихор ва эҳтироми хосса ба забон меоваранд, зеро Эмомалӣ Раҳмон ба ин муҳаббат сазоворанд.

Пешвои мо — Эмомалӣ Раҳмон дар асл мардумиянд ва аз байни халқ рӯидаанд. Худи Президент низ ин нуктаро ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳастиву вуҷуд ва қалби миллати тоҷиканд. Мо бояд он касро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем. Худованд барои мо чунин шахсиятеро ато кардааст, ки мардумони бештари кишварҳои дунё доштани чунин сиёсатмадори раҳкушо ба сўи фардои дурахшонро орзу мекунанд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат шахсияти бузургу нотакроранд. Он кас нозуктарин санъати сухангӯӣ — ба вақти гуфтан гуфтану ба вақти хомўшӣ хомўш буданро хуб омӯхтаанд. Ин гуна санъат на ба ҳама сарварон муяссар мегардад.

Шайх Саъдии бузург мегўяд: «Ҳаргиз дуруст нест ва ба ақли соҳибназарон рост намеояд, ки шамшери Алӣ дар ғилоф бошаду забони Саъдӣ дар даҳони ӯ хомўш бимонад. Яъне рӯзи ҷанг бо душман дар ғилоф будани Зулфиқори Алӣ ва дар ком хомӯш мондани забони Саъдӣ, ки ҳарду ба тавоноӣ ва бурандагӣ машҳуранд, аз рӯи ақлу хирад нест ва қобили қабул намебошад».

Ин ба он маънист, ки Президенти мо низ саъдивор аз номи миллат сухан мегўянд. Аз номи миллати ориёию озодандеш мегўянд. Аз минбари Созмони Милали Муттаҳид мегўянд. Зеро он кас давомдиҳандаи давлати Ҳахоманишиён ва шоҳони Сомониянд. Дар ҷисмашон рӯҳи Куруши Кабир ва Сомониён нуҳуфта аст.

Аз ҳама муҳимаш, Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд маҳбубияти халқу миллатро ба даст оваранд. Имрӯз миллат Пешвои худро дўст медорад ва бо ӯ ифтихор дорад. Чунин бахти баланд на ба ҳама сарварони дунё насиб гардидааст. Имрӯз аксари мардум ба хотир ва эҳтироми Пешвои миллат фарзандонашонро Эмомалӣ ном ниҳода истодаанд. Зеро исми Эмомалӣ рамзи наҷотбахши миллат аст. Мо ин нуктаро бояд такрор ба такрор бигўем. Аз ин натарсем ва қадр намоем.

Марк Аврелийи бузург мефармояд: «Ҳеҷ неруе қавитар аз неруи муҳаббат ба ватан вуҷуд надорад». Имрӯз ин қувваро Президент Эмомалӣ Раҳмон бо халқу миллати худ доранд. Президент Эмомалӣ Раҳмонро мардум бо амалҳои накуяшон барои халқу Ватан ва рафтори шоистаи ҷавонмардияшон тавонистанд дар дилу дидаи худ ҷо кунанд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон доимо аз ғаму дарди миллат огаҳанд ва ба мушкилоти миллат ҳеҷ гоҳ бепарво нестанд. Сарвари мо ба мардум ҳамдилӣ ва ёрмандӣ мекунанд ва шоистаи номи баланди Пешвои миллатанд. Таърихи давлатдории шоҳони қадим ва муосир исбот кардааст, ки дар зиндагӣ кам сарвароне ҳастанд, ки дар вақти тавоноию қудратмандиашон тамоми ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро муваффақона амалӣ карда, мардумро роҳнамоӣ намоянд. Имрӯз Пешвои мо рамзи озодӣ, истиқлол ва адолатанд.

Суханрониҳои пай дар пайи Пешвои тоҷикон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба ҳалли глобалии проблемаҳои дунё дараҷаи баланди инсондӯстӣ ва сатҳи олии ҷаҳонбинии Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад. Ҷойи ифтихор аст, ки суханрониҳои пурмуҳтавои Президенти маҳбуби мо бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, шуҳрату обрӯи Тоҷикистонро дучанд мегардонанд.

Эмомалӣ Раҳмон инсони озоду сарбаланду соҳибихтиёранд. Он кас гармию сардии рӯзгорро чашида, бо меҳнати ҳалол ва бо сари баланд зиндагии хешро пеш мебаранд ва ҳаётро мисли мову шумо дӯст медоранд.

Пешвои муаззами мо борҳо хонаи Худоро зиёрат кардаанд ва аз нуру сафо саршор мебошанд. Беҳуда нест, ки Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 500 мусулмони шуҳратманди дунё ҷой гирифта, аз минбарҳои баланди конфронсҳои исломӣ арзишҳои дини мубини исломро ҳимоят мекунанд.

Дар лавҳи турбати Баҳроми Гӯр навишта шуда, ки дасти саховатманд беҳ аз бозуи зӯрманд. Пешвои мо низ соҳибкараманд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси саховатманду саховатпеша кайҳо миёни мардум ном баровардаанд. Дар дили мардум роҳ ёфтаанд, вирди забони ҳамагон гаштаанд. Саховат файзу баракати хосса дорад, сабаби фаровонӣ мегардад ва ба сарват сарват зам менамояд. Ятимпарваранд Президенти мо. Мо бояд оини саховатмандӣ ва расму шеваи ҷавонмардиро аз Пешвои миллат омӯзем. Чаро, ки борҳо номи пуршарафи ҷавонмардиро бар ивази хатар ба ҷонашон ба даст овардаанд. Ин аст ойини ҷавонмардӣ.

Бузургии дигари Пешвои миллат он аст, ки ҳамеша ситоиши илму дониш ва хоксорию беозорӣ менамоянд ва ҳеҷ гоҳ ғуруру худписандиро хуш надоранд. Пешвои миллат шоирону зиёиёнро самимона дӯст медоранд. Олимону ҳунармандонро навозишу эҳтиром менамоянд. Он кас аз аввалинҳо шуда, фарҳангро ҳастии миллат номиданд ва ба он арҷгузорӣ кардаанд.

Роҳбари мо равшанзамиру хирадманд буда, аз сиёсати давлатдорияшон зиндагии имрӯзаи аҳолии кишварамон хеле хуб гардидааст. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳ давлати рӯ ба тараққӣ эътироф шудааст.

Ҳамасола Пешвои миллат сафарҳои зиёде ба кишварҳои гуногуни дунё мекунанд. Бо президентҳои ҷаҳон, сиёсатмадорони маъруф мулоқоту суҳбатҳо мегузаронанд ва манофеи миллии моро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳимоят менамоянд.

Дар интихоби кадрҳо низ Пешвои мо гавҳаршиносанд ва ҳамеша таъкид менамоянд, ки мард бо соҳиб шудан ба мансаб бузургу шарафманд намешавад, балки мансаб ба туфайли мардони шарофатманд бузургу баландмақом мегардад.

Ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат мароми зиндагонии одамони бошараф ва баору номус аст. Агар аҳамият дода бошед, Президент қобилияту истеъдоди ниҳоят баланди суханварӣ доранд ва ҷаҳониён инро қоил мебошанд. Донишмандони муосири дунё ба рӯҳияи озодихоҳӣ, илмдӯстӣ ва инсонпарварии Президенти мо баҳои баланд медиҳанд.

Пешвои мо ҳамеша тарафдори адолат ва ободии мулканд. Ботини Эмомалӣ Раҳмон софу нияташон пок мебошад ва хидмати халқашонро пеша кардаанд.

Қаҳрамони миллии Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд низ Президенти мо — Эмомалӣ Раҳмонро самимӣ дўст медошт. Соли 1995 буд. Дар қарияи Ҷангалаки Панҷшери Афғонистон, аниқтараш дар хонаи шодравон сухан дар бораи сулҳу ваҳдати Тоҷикистон мерафт. Ҳамон солҳои душвор Аҳмадшоҳи Масъуд гуфта буд: «Шумо, тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд».

«Эмомалӣ Раҳмон дили бузурги инсонӣ доранд. Дар ин дил ҳама меғунҷад. Ў охирон тоҷикро ба ватан баргардонид. Магар ин тавоноию қудратмандии инсон нест? Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо шумо, тоҷикон, балки тамоми тоҷикони дунё дўст медоранд. Худо шоҳид аст, ин мард бо ин ақлу заковате, ки дорад, дунёро муассир мегардонад», — гуфта буд ҳамон солҳо Аҳмадшоҳи Масъуд.

Тавре ки Масъуди одамшинос изҳор дошта буд: «Бузургии Эмомалӣ Раҳмон беандоза аст». Имрӯз мо чӣ қадаре, ки дар бораи ин абармарди миллат ва шахсияти дар ҷаҳон эътирофшуда нависем, кам аст. Вале дар камии мо самимияту ихлосу меҳрубониҳои зиёде ба Пешвоямон нуҳуфта аст.

Бешак, тасвири симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кард, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонид, ба миллати мотамзада ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор намуд, пояи давлатдориро аз сифр, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо сохт, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонд, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, дуруст гуфтаанд, ки кори як минбар, як маърӯза ва ҳатто як китоб ҳам нест. Ҳақиқат ин аст, ки нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале рӯҳ ва ғояҳояшон таърихи ояндаро комил месозад.

Сарвари давлат ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи савганди таърихиашон, моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Он кас аз рӯзи ин қасами худ то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 21 маротиба гуфтушунидҳо ташкил карда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан ширкат варзида, ҳамчун Роҳбари давлат ва Пешвои миллат 80 маротиба ба халқи Тоҷикистон муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва табрикот карда, ҳамеша аз дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат намуда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудаанд.

Роҳбари давлат на танҳо ба қасамашон содиқ буданд, балки ҷиҳати иҷрои он фидокорона кӯшиш карда, ин вазифаи муқаддаси худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накарданд. Дар замоне, ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, он кас худро нороҳат ҳис мекарданд.

Ҳамчун роҳбари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекарданд, барои зиндагии нотинҷи кишвар, сӯхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиданду қалбашон ба аҳволи мардуми фирорӣ месӯхт. Дар чунин ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфтанд: “Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем». Бо чӣ гуна дард ва бо чӣ самимияте гуфта мешуданд ин суханҳо.

Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ҷойи зисти аввалаашон баргардонда шуданд, 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар муддати кӯтоҳ пурра барқарор шуданд.

Бузургон дуруст гуфтаанд: ҳама корҳо ба ният алоқаманд аст. Нияташону маромашон нек буд, ки ҳама корҳо ба некӣ анҷомиданд. Он кас қадам ба қадам, ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекарданд, ҳарф мезаданд, амал мекарданд ва аз худию бегона, аз рӯҳи гузаштагону Офаридгори замину осмон талаби тинҷию оромии кишварро менамуданд. Ин ҳамаро мо на танҳо медидему мешунидем, балки бо қалбу рӯҳ дарк мекардем ва аз ин мактаб дарс ва ҳадиси ватандорӣ меомӯхтем.

Сарвари давлат ба суханашон содиқ, ба ваъдаашон устувор буданд ва ба амалашон муҳаббат доштанд, ки тавонистанд бузургтарин неъмат — умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳанд.

Мактаби сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарси ибрати ваҳдати миллии он кас, давлатсозию ҳадиси ватанпарастии ин шахси таърихӣ барои халқи азиятдидаи мо сарчашмаи худогоҳӣ, хазинаи худшиносӣ ва ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстист, ки ба қадри он расидан, номи асосгузори онҳоро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаашонро ҳифз карда, идома додан қарзи инсонии ҳар соҳибватан буда, эҳтиром ба роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

Миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале бузургтару саодатмандтар, ба қавли хирадмандон, миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони зиндаи худ мерасад.

Илми таърихи сиёсӣ — иҷтимоӣ ва таҷрибаи давлатҳои мутамаддин собит менамояд, ки давлатҳои гузаштаю имрӯза хизматҳои содиқона, созанда ва тақдирсози чунин фарзандони қаҳрамони худро ба мадди назар гирифта, ҳанӯз дар айёми дар қайди ҳаёт буданашон бо мақсади нигоҳ доштани меросияти таърихӣ ва рушди бонизоми ҷомеа ва давлат симо ва шахсияти онҳоро ҳамчун қаҳрамон, пешво ва падари миллат ва давлатҳо эътироф кардаанд.

Соҳаҳои мухталифи илм низ аз ҷанбаҳои гуногун хизматҳои воқеии онҳоро қадршиносӣ карда, таъсири нек ва қавии чунин симоҳоро дар масири таърих барои рушд, ваҳдат ва пешрафти миллату ҷомеаҳо ёдрас шуда, шинохт ва эътирофи онҳоро ба ҳайси «Пешвои миллат», «Падар — бунёдгузори давлат» ва монанди инҳо ба фазои илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ворид кардаанд.

Ин нуктаро мо бояд ҳеҷ гоҳ аз хотир набарорем.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА,
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба
корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
ва иттилоот, доктори илмҳои фалсафа, дотсент

Муҳамадато СУЛТОНОВ,
Мудири шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2022 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст