ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН, ЗАХИРАИ ДУСОЛАИ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОӢ, ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар ин бора суҳбат намуданд

Октябрь 20, 2022 11:30

 ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода бо фаъолон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон  Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Зимни мулоқот  муовини Раиси шаҳри Ҳисор Ҳафтандил Азимӣ ва вакил  Сурайё Дустмуродзода оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Сурайё Дустмуродзода зикр кард, ки «маҳз иҷлосияи мазкур  мамлакати тоза ба истиқлолият расидаи моро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшид. Иҷлосия ба миллати тоҷик фарзанди фарзона ва сиёсатмадори оқилу дурандешеро ҳадя намуд, ки аз суханронии аввали худ ба миллат сулҳ ва таъмини якдилию якмаромиро ваъда карданд. Яъне муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат фаъолияташонро аз сулҳ оғоз намуданд».

Дар идома мавсуф ҷиҳати ба одати доимии шаҳрвандон табдил додани қонунҳои амалкунанда, таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии насли наврасу ҷавон, пойдории оилаҳои ҷавон ва омодагии сокинон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ибрози андеша намуд.

Дар  ноҳияи Дӯстӣ суҳбату вохӯрии вакилон бо фаъолон баргузор шуд. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон Ҳуснигул Одиназода ва Гавҳарбону Шарофзода бо фаъолони ноҳия, аз ҷумла аҳли ҷамоати деҳоти Ҷилликӯл, Г.Гулмуродов ва деҳоти Деҳқонобод суҳбат намуданд.

Вакилон вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин, захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои тиббию таълимӣ, инчунин захираи ангишту ҳезум сухан гуфтанд.

Ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт доир ба «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон» вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Баҳриддин Зиёӣ ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо интихобкунандагон        ҷараён гирифт.

19 октябр дар Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Вахш №32 Мунаввара Абдусаломзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Лола Сулаймонова, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сабоҳат Салимова, Раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҳмадсаид Абдулҳаев вохӯрии навбатӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Мунаввара Абдусаломзода оид ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки замин, захира намудани маводи озуқаворӣ барои фасли сармо, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва ғайра ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон тибқи дастури Маҷлиси намояндагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ  Қурбонзода ва Амонулло Хайрулло бо устодон ва толибилмони ин мактаб вохӯрӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён иштирок дошт.

Вакилони мардумӣ роҷеъ ба мафҳуми истиқлол, ҳифз ва риояи арзишҳои миллӣ, ободониву созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани 30- солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ суҳбат намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 20, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем»
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Сергей Лебедев: «Қазоқистон аввалин мизбони Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад»
Сардори Хадамоти алоқа бо фаъолияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шинос шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН. Наврасони Душанбе худро ситораи футбол эҳсос карданд
Имрӯз дар дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар баъзе аз хоҷагиҳои таҷрибавии шаҳри Ҳисор риоя нагардидани қоидаҳои агротехникаи парвариш мушоҳида мегардад
Дар шаҳри Истанбули Туркия гӯшаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар Форуми Осиёгӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар Босния ва Герсеговина иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон фраксияҳои ҳизбӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Барои масъулини бахши молиявии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ оғоз гардид