Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 дараҷа гарм ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?






