«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз силсилабарномаҳои идона баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Барномаи фарҳангии вилоятӣ 21 март, соати 09:00 дар шаҳри Бохтар баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар он рӯз намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар иқдоми ҷолиб доир шуда, фазои идона ва шодмонӣ фароҳам оварда мешавад.
Ҳамчунин 22 март дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав, 23 март дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Қубодиён, Муъминобод, Ҷайҳун, Панҷ, Хуросон ва Дӯстӣ, 24 март дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Шаҳритус, Фархор, Ҳамадонӣ, Темурмалик ва Абдураҳмони Ҷомӣ ва 25 март дар ноҳияҳои Вахш ва Восеъ барномаи идонаи наврӯзӣ доир мегардад.
Дар ҷараёни тантанаҳои наврӯзӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба сокинону меҳмонон мерасонанд. Дар ин рӯз дар ҳама базмгоҳҳои наврӯзӣ ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо иштироки аҳли санъат ва сокинон ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайругашти оммавӣ баргузор мегарданд.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо барои пешравиҳо бештар инъикос гардида, бо рамзи пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ таҷассум меёбанд. Дар назар аст, ки дар ҳошияи тантанаҳои наврӯзӣ баргузории намоиши асарҳои рассомон, намоишгоҳи молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо пешниҳод гарданд.
Аз тамоми сокинони шаҳру ноҳияҳо даъват мегардад, ки дар ҳар гӯшаи мамлакат ба ин чорабиниҳои бошукуҳ ҳамроҳ шуда, Наврӯзи аҷдодиро бо руҳияи баланди миллӣ, ҳамдилию дӯстӣ ва ваҳдат таҷлил намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






