Маҳмадтоир Зокирзода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге мулоқот намуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Дар мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Парлумони касбии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо ин созмони байналмилалӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар самти тандурустӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) аст ва дар тӯли ин муддат дар доираи ин созмон фаъолияти муваффақона дорад.
«Худи замон аз мо талаб мекунад, ки афзалияти шарикии амалиро барои дарозмуддат аз нав дида бароем. Ҳамкории ҳарду тараф бояд ба талаботи ҳозира пурра ҷавоб диҳад. Кишвари мо дар иҷрои уҳдадориҳои ТУТ, татбиқи принсипҳо дар сатҳи қонунгузории миллӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Мо саъю кӯшиши созмонҳо, бахусус Созмони ҷаҳонии тандурустиро барои расонидани кумаки фаврӣ ва дарозмуддат дар мубориза бо оқибатҳои башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 қадр мекунем»,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии вирус тадбирҳои зарурӣ меандешад ва бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамкории зич дорад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






