Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

Октябрь 11, 2022 19:15

ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенкоро барои ташрифашон ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ва масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ ва муносибатҳои мунтазаму судовар дар сатҳи ҳукуматҳо, ки дар асоси боварии баланд ва дастгирии ҳамдигар сурат мегиранд, омили муҳим ва мусбӣ дар ташаккули равобити байни ду кишвар мебошанд.

Дар мулоқоти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар аз инкишофи босуръати ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Барои тақвияти минбаъдаи равобити дуҷониба сарони давлатҳо пешниҳод намуданд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷоннок карда шуда, Гурӯҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ба кори худ шуруъ намояд.

Тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҳамчун самти афзалиятноки ҳамкории дуҷониба арзёбӣ гардид.

Барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои маъдани куҳӣ, металлургия, сохтмон, саноати сабук ва хурокворӣ, дар самти кишоварзӣ ва таъминоти логистика, ки дорои захираҳои калон мебошад, зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо барои зиёд кардани ҳаҷми содироти меваю сабзавот ба бозори Беларус, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Татбиқи лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъмини бозори Беларус бо нахи пахта ва дигар маҳсулоти коркарди саноатии пахта ва таъсиси корхонаи истеҳсоли қолинҳои Тоҷикистону Беларус аз самтҳои ояндадори робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Зимни музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои якдигар ҳавасмандии худро иброз доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеъ, ҳамчунин ҷонибҳо муносибатҳои ҳамкории кишварҳоро дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки бо дарназардошти тасмим дар бораи оғози тартиби қабули Ҷумҳурии Беларус ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби ин созмон мазмуни нав пайдо мекунад.

Вобаста ба таъмини амну субот дар кишварҳои якдигар ва минтақа, якбора афзудани таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва авзои сиёсии Афғонистон ҳамкории самарабахши дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар тақозои замон номида шуд.

Дар рафти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули судманди афкор анҷом доданд.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус 11.10.2022

Октябрь 11, 2022 19:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид