Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ мулоқот карданд

Октябрь 13, 2022 14:07

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад ва мо ҷонибдору ҳавасманди тақвият ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо он мебошем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ табодули андеша карда, аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвари бародар ва дӯст, инчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энеретика, ифтитоҳи корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати кӯҳии Тоҷикистон, коркарди пахта ва махсулоти ниҳоӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, сармоягузории лоиҳаҳои барои ҷонибҳо судовар ва ҳамкории ниҳодҳои молиявию бонкӣ, табодули андеша карданд.

Дар бахши кишоварзӣ таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаи ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Аморот, аз ҷумла меваи тару тоза, меваҳои хушк, сабзавот, асал ва чорвои зиндаю маҳсулоти гӯштӣ, зарур дониста шуд.

Густариши робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои дигари ояндадори робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Аморот маънидод гардид.

Зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ ва пайваст намудани пойтахтҳо тавассути роҳандозии парвозҳои мустақим байни Абу Забӣ ва Душанбе ба мақсад мувофиқ шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Мулоқот бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ 13.10.2022

Октябрь 13, 2022 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд