Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остона иштирок ва суханронӣ карданд

Октябрь 13, 2022 11:04

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир, ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши мазкур суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои дар сатҳи баланди  тадорукотӣ баргузор кардани мулоқоти навбатии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба таҳаввулоти амиқ дар арсаи ҷаҳон, оқибатҳои пандемияи КОВИД-19, таъсири он ба иқтисод ва амнияти кишварҳо, буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи амнияти байналмилалию минтақавӣ, афзоиши терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ андешаронӣ карда, талошҳои муштарак дар мубориза бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо, инчунин ҳамоҳангсозии корҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон иштирокчии фаъоли муколамаи глобалии амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Кишвари мо дар асоси таҷрибаи андӯхтаи худ дар самти мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Стратегияи нави мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои давраи то соли 2025 таҳия ва қабул намуд.

Бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир Сарвари давлат таъкид намуданд, ки чанд рӯз пас дар пойтахти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ Конфронси сатҳи баланд дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм доир мегардад, ки мавзӯъҳои муҳими ҷаҳонро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки пас аз шомил шудан ба Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Тоҷикистон дар ноил шудан ба ҳадафҳо дар доираи машварат саҳми арзанда мегузорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи вазифаҳои умумии Декларатсияи дар ҳамоиши Душанбе қабулшуда андешаҳои худро доир ба рушди сайёҳӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими амнияту ҳамкорӣ дар Осиё, аз ҷумла вазъи Афғонистон баён намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои машваратро ба ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳо ҷалб сохтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалии норасоии оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуда, сарони кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалиро ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим даъват намуданд.

Бояд гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва обшавии пиряхҳо қаблан пешниҳод карда буд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Президенти мамлакат изҳори умед карданд, ки талошҳои Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Соли 2023 аз нигоҳи баррасии миёнамуҳлати Ҳадафҳои рушди устувор ва арзёбии иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” соли муҳим мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид, ки соли оянда дар Ню-Йорк баргузор мешавад, натиҷаҳои назаррасро интизор аст. Тоҷикистон яке аз ҳамраисони ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ хоҳад буд.

Изҳори итминон карда шуд, ки дурнамои фаъолияти муштараки кишварҳо дар самти таҳкими эътимоду амният, инчунин ҳамкории васеи бисёрҷониба дар ҳалли масъалаҳои мубрам муайян карда шавад.

Дар фарҷоми кори Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз ҷониби иштирокчиён дар маҷмуъ 14 ҳуҷҷат, қарор ва консепсия қабул гардид, аз ҷумла Низомнома оид ба хазинаи МҲТБО, Изҳороти роҳбарони МҲТБО оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва Нақшаи амали МҲТБО оид ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитеррористиии СММ.
Иштирок дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 13.10.2022

 

Октябрь 13, 2022 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд