Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, муовини Раиси девони вазирони Туркманистон Хоҷамурод Гелдимуродов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел иштирок карданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон — Қосим-Жомарт Токаев барои ташкили чорабинӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуданд.
“Чорабинии имрӯза боз як имкони хуби муҳокима ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар пасманзари тағйироти геополитикии ҷаҳонӣ аст, ки ба таҳкими рушди созандаи ҳамкории байниминтақавӣ нигаронида шудааст”, таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, қабули Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати расондани кумак дар давраи пандемияи КОВИД-19 сипос гуфтанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон кӯшишҳои рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳоро, ки ба рушди устувори минбаъдаи кишварҳои мо нигаронида шудаанд, комилан дастгирӣ мекунад.
Зимни суханронӣ дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба имкони таҳкиму тавсеаи робитаҳои кишварҳо дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо” дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиётию логистикӣ, энергетика, ҳамкорӣ дар самти “неруи сабз”, аз ҷумла тавассути истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ андешаронӣ карданд.
Тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, афзоиши обхезӣ ва омадани сел, хушксолӣ ва таъсири манфии ин падидаҳо, ки ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонанд, аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки вобаста ба ҳалли онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои асоснок манзур намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои мухталифи амнияти минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорони он қарор дошт.
Аз рӯи натиҷаи ин ҳамоиш Изҳороти муштараки матбуотии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо пахш гардид.









Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид






