Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург ва Ноиби президенти ҳамин бонк Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Аксел ван Тротсенбург ва Ноиби президенти ҳамин бонк хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми 29 соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани беш аз 110 лоиҳа дар соҳаҳои мухталиф, ба маблағи умумии 2,5 миллиард доллари америкоӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни мулоқот ҷаноби Аксел ван Тротсенбург аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тоза ва барқароршаванда ва дар ин замина рушди иқтисоди “сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи КОВИД-19, таъсири он ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, муҳокима гардид.
Изҳори умед карда шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати кишвар дар самти таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд






