Раисони кумитаҳои амният ва мудофиаи парлумонҳои кишварҳои СААД ҳамкории низомиро баррасӣ намуданд

Октябрь 20, 2022 16:13

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД,  таҳти раёсати Раиси ҷаласаи ҳамоҳангсоз,  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод баргузор гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Иштирокчиёни ҷаласа дар оғоз гузориши муовини сардори Раёсати мушкилоти амнияти ҳарбии Котиботи СААД Олег Латиповро оид ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории низомӣ дар доираи СААД дар марҳилаи кунунӣ шуниданд.

Муовини Раиси комиссияи доимӣ оид ба мудофиа ва амнияти Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Армен Хачатрян  дар бораи татбиқи афзалияти Ҷумҳурии Арманистон дар давраи раёсати СААД дар соли 2022 ва вазъи кунунии низомию сиёсӣ дар марзҳои минтақаи Қафқоз, амнияти дастҷамъии СААД дар асоси тамоюл ва дурнамои рушди он изҳори андеша  намуд.

Сипас, аъзои ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ дар бораи мушкилоти амнияти дастҷамъӣ дар минтақаҳои амнияти дастҷамъии СААД табодули назар намуданд.

Дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии  СААД намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ  намуд.

Дар фарҷом вакилони парлумон тарҳи нақшаи кори АБ СААД барои соли 2023-ро баррасӣ карданд.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 20, 2022 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд