Имрӯз дар Душанбе Конфронси байналмилалии зиддитеррористӣ ба кори худ шуруъ мекунад

Октябрь 18, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /НИАТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» ба кори худ шуруъ мекунад. Конфронс 18-19 октябри соли 2022 дар «Кохи Сомон» -и дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Конфронси дурӯзаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT), Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (ИА), Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Давлати Қатар ташкил хоҳад гардид.

Ҳадафи ҳамоиш тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ ба мақсади пешгирӣ ва ошкорсозии ҳаракати террористҳо, минҷумла ҷангҷӯёни хориҷии террорист (FTF), муомилоти ғайриқонунии аслиҳаи хурд ва сабук, лавозимоти ҷангӣ ва маводди тарканда, таслиҳот ва маводди ҳастаӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва радиатсионӣ, инчунин андешидани тадбирҳои зарурӣ дар бобати таъмини амният ва мудирияти сарҳад, адолати судӣ ва табодули иттилоот мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва паноҳандагон маҳсуб меёбад.Конфронс ҷузъи таркибии «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ба шумор меравад, ки моҳи майи соли 2018 дар пайи баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо, роҳандозӣ шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) дар чаҳорчӯби ин раванд инчунин Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардидааст.

ДАР АКС: журналистон Лайло Тоири (АМИТ «Ховар») ва Назаралӣ Пирназаров (Reuters) дар маркази матбуоти конфронс.

Дар бахши ифтитоҳии Конфронс суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Антониу Гутерриш, муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ ҷаноби Владимир Воронков ва як қатор вазирон ва дигар намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ дар назар аст.

Натиҷаҳои Конфронс дар “Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” инъикос хоҳанд гардид.

Маълумоти муфассал ва пайванди электронӣ барои бақайдгирӣ дар торнамои расмии Конфронс (https://www.dushanbectprocess.org/) дастрас мебошад.

Лайло ТОИРӢ,
Назрулло ҶӮРАЗОДА,
Мақсудҷон МУҲИДДИНДҶОНОВ (акс).
хабарнигорони АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш