Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон
ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити якуми «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.








Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд






