«Саноатсодиротбонк» ба соҳибкорони Тоҷикистон ба миқдори 143,7 млн сомонӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо намудааст

Октябрь 13, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба соҳибкорони мамлакат ба миқдори 143,7 млн сомонӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо гардидаст. Аз ин қарзҳо 89,9 млн сомонӣ ба бахши саноат рост омад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48,7 млн сомонӣ зиёд аст.

Тавре дар маркази матбуоти «Саноатсодиротбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 11 октябр оид ба натиҷаи фаъолияти бонк дар нуҳ моҳи соли равон ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид.

«Саноатсодиротбонк» ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи стратегии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгириии соҳибкорон маблағҳои қарзӣ равона намудааст, ки соҳаҳои истеҳсолӣ, кишоварзӣ, савдою хизмарасонӣ ва бахшҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳуриро дар бар мегиранд.  Қарзҳои пешниҳодшуда аз рӯи минтақа 47 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро гирифтаанд.

89,9 млн сомонии ин қарзҳо ба соҳаи саноат, 4,3 млн сомонӣ ба кишоварзӣ, 6,1млн сомонӣ ба хизматрасонӣ, 19,3 млн сомонӣ ба сохтмон ва 24,1 млн сомонӣ ба тиҷорат рост меояд.

Дар ин давра уҳдадориҳои бонк ба 35,4 млн сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,2 маротиба зиёд аст. Сармояи бонк ба 496,2 млн сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба нуҳ моҳи соли гузашта 21,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Бо мақсади васеъ намудани доираи мизоҷон ва дастрасии хизматрасонӣ ба аҳолии мамлакат бонк филиалҳои худро дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт фаъол намуд.

Бонки мазкур ҷиҳати дастгирии корхонаҳои навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродӣ барои истеҳсол, банду баст, нигоҳдории молу маҳсулот, аз ҷумла молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда бо роҳи пешниҳод намудани қарзҳо ва хизматрасониҳои бонкӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар ин замина барои дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ муҳлати қарзро аз 36 моҳ то ба 60 моҳ дароз намуд.

Инчунин бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бонк тасмим гирифтааст ба соҳибкорони ватание, ки ба истеҳсол ва ё воридоти анвои ғизои мавриди ниёзи аввал машғуланд, қарзро бо 14 фоиз ба муҳлати то 5 сол пешниҳод намояд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Форуми байналмилалии бонкӣ-2026 масоили бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ баррасӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар доираи Sibos 2026 ҳамкории Тоҷикистон бо SWIFT баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1093 сомонӣ муқаррар шудааст
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2404 сомонӣ муқаррар шудааст
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд