Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино тарабхонаи бразилии «Латина-Душанбе»-ро ифтитоҳ карданд

Октябрь 17, 2022 13:08

ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт тарабхонаи бразилии “Латина-Душанбе” (Latina-Dushanbe)-ро ифтитоҳ карданд.

Иттилоъ дода шуд, иншооти нави хизматрасонӣ, ки дар маҳали хушбоду ҳавои соҳили “Кӯли ҷавонон” қомат афрохтааст, ба хотири ба мизоҷон расондани хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ ва пешниҳод кардани таъомҳои наву гуногуни болаззат бо бренди ширкати машҳури бразилиягӣ сохта шудааст.

Соҳибкорони ватандӯст дар баробари бунёди иншооти муосири маишию хизматрасонӣ ба масъалаи таъсис ва таъмини ҷойҳои нави корӣ барои сокинони пойтахт аҳамияти аввалиндараҷа додаанд. Дар тарабхона 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, дар мавсими гармо 10 нафар пешхизмат ба шуғли муваққатӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар қисмати дарунӣ ва берунии тарабхона дар маҷмӯъ барои дар як вақт ба 250 нафар хизмат расондан ҷойи нишаст мавҷуд аст.

Тарабхона аз дигар марказҳои маишию хизматрасонӣ бо тарҳи нодир ва тарзи нави пешниҳоди сихкабобу хӯришҳои гуногун фарқ мекунад. Ороиши зебои толори бино, истифодаи ашёи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мусиқии форам иқлими гарми кишвари Бразилияро бозгӯ аст.

Иншоот бо лоиҳаи “франшиза”, яъне дар асоси шартнома истифода бурдани бренди машҳури хориҷӣ ва технологияи он бунёд гардидааст. Барои пеш бурдани кори тарабхона ва пухтани таомҳои гуногун шаҳрванди кишвари Бразилия ҷалб гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо ошпазҳо ва кадбонуҳои тоҷик ба мардум хизмат мерасонанд.

Атрофи тарабхона барои ҷалби ҳарчӣ бештари меҳмонони дохилӣ ва назаррабо гардонидан  бо дарахтони нодири ороишӣ, ки аз хориҷи кишвар оварда шудаанд, оро ёфтааст.

Дар фасли гармо имкон аст, ки дар ҳудуди тарабхона ва лаби соҳили кӯл зери чатрҳои сафед ба меҳмонон таомҳои лазиз ва дигар хизматрасониҳо пешкаш гарданд.

Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар шароити муосир ва дар ҳолати афзоиши шумораи сайёҳону меҳмонони пойтахт фаъолияти чунин иншооти муосир ба талабот ҷавобгӯ хоҳад буд. Ин як навъ муаррифии сатҳи баланди меҳмоннавозии бою қадимаи тоҷикона аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароит ва сатҳи хизматрасонӣ дар тарабхона ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати обод кардани як гӯшаи диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуданд.

Маросими ифтитоҳи расмии тарабхонаи бразилягии «Латино -Душанбе» 22 октябр бо доир кардани шоу-барномаи рангини бразилиягӣ баргузор мегардад.
Ифтитоҳи Тарабхонаи бразилии “Латина-Душанбе” (Latina-Dushanbe) дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 17.10.2022

Октябрь 17, 2022 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон