ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, чоршанбе, 285-умин рӯзи соли 2022 аст

Октябрь 12, 2022 08:00

12 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз» шинос шуданд.

***

9 сол пеш, 12 октябри соли 2013 дар Маркази Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли соли 2013 дар маркази шаҳри Исфара 3 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд.

12 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо артрит.

 ***

Дар Россия рӯзи кормандони соҳаи кадрӣ.

 ***

Дар Арманистон рӯзи мубориза бо тамокукашӣ.

РӮЙДОДҲО:

12 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Оғохони IV Маркази исмоилияи шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд.

***

12 октябри соли 2015 Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд Созишномаи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA 1000»-ро ба имзо расониданд.

***

6 сол пеш, 12 октябри соли 2016 китоби президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов таҳти унвони «Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ» нашр шуд.

***

12 октябри соли 1950 дар ИМА нахустин мактаби тиббии занона- Коллеҷи тиббии Пенсилвания кушода шуд.

 

***

 12 октябри соли 2000 олимони амрикоӣ устухонҳои тиранозаврҳоро пайдо намуда буданд ва аз ҳама калонтарини онро ба яке аз осорхонаҳои Чикаго ба маблағи 8,5 млн доллар фурӯхтанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар Бӯстонсарои ҳукуматии «Кохи Сомон» дар  шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.

***

Соли 1999 дар пойтахти Босния- шаҳри Сараево  6-миллиардумин сокини сайёра ба дунё омад.

Октябрь 12, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!