ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, шанбе, 288-умин рӯзи соли 2022 аст

Октябрь 15, 2022 08:05

15 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 20 нафар роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

***

8 сол пеш, 15 октябри соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ – сармоягузории «Соҳибкорӣ иқтисодиётро таҳрик медиҳад» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Қазоқистон сафар карданд.

15 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии занони деҳот.

***

Рӯзи байналмилалии дастшӯӣ.

***

Дар Бразилия – Рӯзи муаллим.

РӮЙДОДҲО:

15 октябри соли 2011 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корхонаи коркарди тилло ва мулоқот бо сокинон ба маҳаллаи Шуғноби ноҳияи Ховалинг сафар карданд.

***

15 октябри соли 1666 шоҳи Англия Чарлз II мӯди нав ҷорӣ намуд – ӯ аввалин маротиба камзӯлча ба бар кард.

 

***

Дар ин рӯзи соли 2003 Чин аввалин кайҳоннаварди худро ба сайёра равон кард.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Иди Меҳргон барномаҳои фарҳангӣ ва намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардиданд.

***

Соли 1964 калонтарин қубури нафт дар ҷаҳон- «Дӯстӣ» ба фаъолият шурӯъ намуд.

Октябрь 15, 2022 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш