ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, ҷумъа, 294-умин рӯзи соли 2022 аст
21 октябри соли 2016 дар Қасри миллат дар мулоқоти Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлют Човушоғлу масоили вақт ва дурнамои ҳамкории ду давлат ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд.
***
20 сол қабл, 21 октябри соли 2002, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СММ Кофи Аннонро дар Душанбе ба ҳузур пазируфтанд.
***
7 сол пеш, 21 октябри соли 2015 дар чойхонаи миллии Қасри таърихии Арбоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ба имзо расид.
21 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар ИМА — Рӯзи ширинӣ.
***
Дар Британияи Кабир — Рӯзи себ
РӮЙДОДҲО:
13 сол пеш, 21 октябри соли 2009, дар Душанбе намояндагии Бонки Авруосиёии Рушд ифтитоҳ гардид.
***
21 октябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе татбиқи «Барномаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои солҳои 2006-2010» муҳокима карда шуд.
***
8 сол пеш, 21 октябри соли 2014 Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия ва Донишгоҳи «Сока» — и Япония созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
***
21 октябри соли 2015 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир» оғоз гардида, 20 ноябр ба анҷом расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ шуданд.
***
21 октябри соли 2016 вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия барномаи ҳамкории мутақобила барои солҳои 2017-2020 –ро ба имзо расониданд.
***
21 октябри соли 1994 Академияи телевизионии Россия ҷоизаи ҳамасолаи «ТЭФИ»-ро таъсис дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дипломи озмуни VII байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё- «Шаҳре, ки он ҷо зистан маъқул аст», сарфароз гардид.
***
Соли 1997 Президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи аз 10 декабри ин сол пойтахти нави ин кишвар эълон кардани шаҳри Акмола, ки баъдан номи Остонаро гирифт (ҳоло Нур-Султон), қарор қабул намуд.