ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, чоршанбе, 299- умин рӯзи соли 2022 аст
26 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи вақти Қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Дэвид Петреусро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал — Маътуқро ба ҳузур пазируфтанд.
26 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи пайдоиши футбол (1863).
РӮЙДОДҲО:
26 октябри соли 2011 Клуби футболи «Регар-ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2011 гардид.
***
26 октябри соли 1861 олими немис Филипп Рейс дар Франкфурт ихтирои худро ба намоиш гузошт ва минбаъд онро телефон номид.
***
66 сол пеш, 26 октябри соли 1956 Агентии байналхалқӣ оид ба энергияи атомӣ таъсис ёфт.
***
26 октябри соли 2015 дар натиҷаи заминҷунбии 7,5-балла дар Афғонистон ва Покистон беш аз садҳо нафар ҷони худро аз даст доданд.
***
26 октябри соли 1863 дар шаҳри Лондон Ассотсиатсияи футболи Англия таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1978 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон дошт, ки барангезандаи бемории нағзак (оспа) дар табиат маҳв карда шуд.
***
26 октябри соли 1990 Шон Шеннони канадагӣ барои дар 26 сония хондани монологи Гамлет «Будан ё набудан» рекорди ҷаҳонӣ гузошт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1932 Иосиф Сталин нависандагонро «муҳандисони қалби инсонҳо» унвон кард.
***
Соли 1900 дар Ню-Йорк аввалин хатти метрополитен кушода шуд.