Тоҷикистон 5 000 донишҷӯро барои шомил нашудан ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз кишварҳои хориҷӣ бозгардонд
ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз чорсад (400) нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик бо мақсади пешгирии ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати офиятбахшии онҳо идома дорад.
Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» дар Душанбе оғоз гардид, зикр намуданд.
Бо дахли тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ Сарвари давлат зикр намуданд, ки Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои байналмилалӣ ба хотири решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб пайваста ширкат намуда, яке аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ гардид.
«Мо бо қаноатмандӣ иброз менамоем, ки дар натиҷаи такмили батадриҷи қонунгузорӣ ва татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ дар кишвар барои муқовимат ба терроризму ифротгароӣ заминаи сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ гузоштем», таъкид намуданд Пешвои миллат.
Зикр шуд, ки дар доираи амалӣ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 Ҳукумати мамлакат миёни дигар дастовардҳои назаррас инчунин ба беҳбуди механизми пешгирӣ кардани ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ноил гардид.
Татбиқи муваффақонаи ин санад ҷиҳати таҳия ва қабули стратегияи нав барои солҳои 2021-2025 заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳоло барои татбиқи стратегияи мазкур Котиботи махсус созмон дода шуда, ҳамзамон бо ин, Платформаи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои давлатии татбиқкунандаи он ва созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амал менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад
«OIBO-2026». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
Олимпиада барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи маориф ва илм иштирок намуд






