Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд

Ноябрь 24, 2026 14:08

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчами давлатӣ-рамзи ҳувият ва соҳибдавлатӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Иброз гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва эътимод ба ояндаи дурахшони давлат мебошад. Ҳар вақте ки Парчам барафрохта мешавад, дар он таҷассуми на танҳо се ранг, балки таърихи ҳазорсолаҳо, муборизаҳои гузаштагон, ормонҳои наслҳо, заҳмати мардум, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва эътимод ба оянда дида мешавад.

Гуфта шуд, ки парчамдории халқи тоҷик давраҳои гуногуни таърихӣ, аз замони Сосониён то Сомониён ва махсусан дар замони ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттифоқи Шуравӣ аз соли 1924 ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сосиалистии Тоҷикистон ва аз соли 1929 ба ҳайси ҷумҳурии алоҳидаи ҳафтум дар ҳайати ин давлати абарқудратро то соли 1991 фаро гирифта, бо ивази рамзу матн борҳо парчамаш тағйир ёфтааст.

25 ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ дар назди Қасри Арбоб барафрохта шуд. Баъд аз фурсате онро ботантана ба толор ворид намуданд ва Раиси навинтихоби Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯсида, ба дида молида, бори аввал савганди садоқат ба Ватан ва миллатро ёд намуданд. Ин ҳодисаи таърихӣ абадан дар лавҳи хотироти миллат сабт шуда, дар сафҳаи таърих бо хати заррин навишта мешавад.

«Аз ин рӯ парафшонии Парчам моро даъват менамояд, ки истиқлолиятро қадр кунем, ваҳдати миллиро ҳифз намоем, сулҳу суботро таҳким бахшем, ба таърихи худ эҳтиром гузорем, дониш омӯзем, меҳнати ҳалол намоем ва дар ободии Тоҷикистон саҳм гузорем»,–гуфта шуд дар конфронс.

Таъкид гардид, ки дар замони пурҳаводиси ҷаҳони имрӯза эҳтиром ба Парчам бояд дар шуури шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ҳамчун эҳтиром ба Ватан, давлат, таърих ва арзишҳои миллӣ ташаккул ёбад.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2026 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд