ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1640 то 0.1650 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 10.2190 сомонӣ;
1 евро – 9.9878 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1640 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.2190 то 10.1500 сомонӣ;
1 евро аз 9.9878 то 10.0000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1640 то 0.1650 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».