Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ноҳияи Данғара масоили омодагӣ ба давраи зимистонро бо интихобкунандагон баррасӣ намуданд

Октябрь 18, 2022 10:34

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ додем, мутобиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон  аз 14 то 22 октябр  вакилон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромаданд. Тибқи нақша, вакилон Файзалӣ Идизода ва Зулфиқор Гулаҳмадзода бо кормандони Шабакаҳои барқи ноҳияи Данғара мулоқот намуданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода, таъмини аҳолӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳои ҳудуди ноҳия бо неруи барқ дар фасли сармо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

17 октябр вакилон Файзалӣ Идизода ва Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Раиси ноҳияи Данғара Садриддин Сайдализода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Пирмаҳмад Каримзода, Директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара» Қурбоншо Абдуллозода бо омӯзгорону хонандагони ин муассиса  мулоқот анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки хонандагони ин муассиса дар олимпиадаву озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона дошта, борҳо сазовори ҷойи аввал ва ифтихорӣ гардидаанд.

Зимни суҳбат масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаҳо баррасӣ шуданд.

Инчунин дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара мулоқоти  вакилон бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷамъомад масъалаҳои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар Аксияи ҷумҳуриявии «Албом Эстафета» таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ доир гардида истодааст, иштирок намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 18, 2022 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид