Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ноҳияи Данғара масоили омодагӣ ба давраи зимистонро бо интихобкунандагон баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, мутобиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон аз 14 то 22 октябр вакилон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромаданд. Тибқи нақша, вакилон Файзалӣ Идизода ва Зулфиқор Гулаҳмадзода бо кормандони Шабакаҳои барқи ноҳияи Данғара мулоқот намуданд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода, таъмини аҳолӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳои ҳудуди ноҳия бо неруи барқ дар фасли сармо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
17 октябр вакилон Файзалӣ Идизода ва Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Раиси ноҳияи Данғара Садриддин Сайдализода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Пирмаҳмад Каримзода, Директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара» Қурбоншо Абдуллозода бо омӯзгорону хонандагони ин муассиса мулоқот анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки хонандагони ин муассиса дар олимпиадаву озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона дошта, борҳо сазовори ҷойи аввал ва ифтихорӣ гардидаанд.
Зимни суҳбат масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаҳо баррасӣ шуданд.
Инчунин дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара мулоқоти вакилон бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷамъомад масъалаҳои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар Аксияи ҷумҳуриявии «Албом Эстафета» таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ доир гардида истодааст, иштирок намуданд.
Акс: МН МО ҶТ








Мавсума Муинӣ дар мулоқоти намояндагони парлумонҳои давлатҳои арабӣ ва осиёӣ бо Раиси Парлумони Шри-Ланка иштирок намуд
Нишасти солонаи байниминтақавии парлумонҳои кишварҳои арабӣ ва осиёӣ баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд






