Ҳайати баландпояи иқтисодии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазир аз Олмон боздид намуд

Ноябрь 26, 2022 13:31

ДУШАНБЕ, 26.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 21-25 ноябри соли 2022 ҳайати кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо мақсади анҷом додани гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ ва иштирок дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон аз шаҳрҳои Берлин, Ҳамбург ва Любек боздид ба амал овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Давлаталӣ Саидро дар ин сафар роҳбарияти вазорату идораҳои марбутаи тоҷикистонӣ, намояндагони бонкҳои давлативу тиҷоратӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҳамроҳӣ карданд.

Дар доираи боздид дар шаҳри Берлин вохӯриҳои дуҷонибаи муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ, Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлим, Вазорати федеролии озуқаворӣ ва кишоварзӣ, Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ва Вазорати федеролии меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Олмон баргузор гардид.


Бо мақсади баррасии ҳолати кунунӣ ва роҳандозии ҳамкории баъдӣ мулоқоти Давлаталӣ Саид бо мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаел Ҳармс доир шуд.

Ҳамчунин дар шаҳри Берлин мизи мудаввар дар мавзӯи канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон бо иштироки ширкатҳои бонуфуз ва сармоягузорӣ танзим гардида, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба зарфияти сарватҳои ғании табиӣ, аз ҷумла захираҳои маъданҳои минераливу ғайриминералӣ ҷалб намуд. Шералӣ Кабир аз сармоягузорони олмонӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати истифодаи самараноки ин имконият бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.


Таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар иттиҳодияҳои бонкҳои Олмон мизи мудаввар бо мақсади роҳандозии ҳамкории байнибонкӣ танзим карда шуд. Баъд аз анҷоми ин нишаст мулоқоти Раиси Бонки милии Тоҷикистон ва роҳбарияти бонкҳои тоҷикистонӣ бо намояндагони бонкҳои бонуфузи олмонӣ баргузор гардид.


Шоми 21 ноябр аз ҷониби кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ба ифтихори боздиди ҳайати расмии Тоҷикистон пазироии расмӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи олмонӣ доир шуд.

22 ноябри соли равон дар шаҳри бандарии Ҳамбург Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон бо иштироки беш аз 65 ширкатҳои бонуфузи олмонӣ ва аврупоӣ ва 40 нафар намояндагони бахши хусусии ватанӣ баргузор шуд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон муштаракан бо Кумитаи Шарқии Иқтисоди Олмон баргузор гардида, дар ҳошияи он доираи васеи соҳибкорони тоҷикистониву олмонӣ ва масъулини ниҳодҳои мухталифи ду кишвар ширкат доштанд.

Мавриди зикр аст, ки бандари Ҳамбург бузургтарин бандари Олмон ва аз лиҳози ҳаҷм дуюмин бандари бузурги Аврупо ба шумор рафта, он дар робитаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои Осиё ва Аврупо нақши муҳим дорад.

Чорабинии иқтисодиро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҳусни оғоз бахшид.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имконияти иқтисодиву тиҷоратӣ, гидроэнергетикӣ, логистикӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии кишварро рӯнамоӣ кард. Аз ҷумла, ба соҳибкорон дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳо, чораҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, инчунин афзалият ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, маълумоти зарурӣ дода шуд.

Дар поёни форуми тиҷоратӣ ҷониби тоҷикистонӣ бо ширкатҳои олмонӣ ва аврупоӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва воридсозии технологияҳои муосир барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ қарордод ва меморандумҳо ба маблағи зиёда аз 600 миллион евро ба имзо расониданд.


Баъд аз ҷамъбасти қисми расмии ҳамоиш миёни иштироккунандагон гуфтугӯҳои дуҷониба дар сиғаи В2В сурат гирифт, ки дар он табодули афкор перомуни масъалаҳои умда, аз ҷумла оид ба ҳолати иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои рушд ва роҳандозии ҳамкории мустақим баррасӣ шуданд.

Тарафҳо бо мақсади густариши ҳарчи бештари ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби бештари сармояи олмонӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати баргузории Форуми навбатии Тоҷикистону Олмон дар нимаи аввали соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.


Ҳамзамон ҳайати Тоҷикистонро роҳбарияти Сенати Ҳамбург ба ҳузур пазируфт. Дар рафти суҳбат тарафҳо вобаста ба тақвияти ҳамкории минбаъдаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону музофоти федеролии Ҳамбург ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

Ба ифтихори ташрифи ҳайати баландпояи иқтисодии кишвар ба ин минтақа муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторовро Президенти шаҳри Любек Клаус Пушаддел ва шаҳрдори он Ян Линденау ба ҳузур пазируфтанд.

Дар идомаи сафар ҳайат аз корхонаҳои бузургтарини истеҳсолии Baader Group (истеҳсолкунандаи ҷаҳонии таҷҳизоти инноватсионӣ барои саноати хӯрокворӣ) ва Dräger (технологияҳои тиббӣ ва бехатарӣ), ки дар шаҳри Любеки музофоти федеролии Шлезвиг-Ҳолштайн воқеанд, дидан кард.

Акс: ВКХ ҶТ

Ноябрь 26, 2022 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими Русия вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Директори генералии Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон мулоқот намуд
Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд