Дар Ашқобод ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва илму техника баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 ноябр дар шаҳри Ашқобод ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар самти тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ бо роҳбарии ҳамраисони он- Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон Мухамметгелди Сердаров баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, такон бахшидан ба муомилоти ду кишвар, рушди робитаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва захираҳои об, саноат, маориф ва илм, тандурустӣ ва саноати тиббӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, инчунин тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо зарурати таъсиси Шӯрои соҳибкорон, ифтитоҳи хонаҳои савдо, инчунин имконияти тавсеаи сохтори Комиссияи байниҳукуматиро таъкид намуданд.
Дар натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва илму техника ба имзо расид.
Акс: ВКХ ҶТ










Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






