Дар Дубай бинои осмонбӯс оташ гирифт

Ноябрь 8, 2022 10:31

ДУШАНБЕ, 08.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи душанбе дар яке аз маҷмааҳои 35-ошёнаи Дубай,  дар наздикии Бурҷи Халиф, ки бо дарозии 828 метр баландтарин бинои ҷаҳон ба шумор мерафт, сӯхтор ба амал омад, ки бинои бузургтарин ширкати сохтмонӣ дар ҷаҳони араб «Emaar» мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии Telegram-канал Mash хабар медиҳад.

Сӯхтор дар минтақаи Downtown рух дода, ба зикри шоҳидон, қариб тамоми бинои осмонбӯсро оташ иҳота кардааст. Тафсилоти ҳодиса ва маълумот дар бораи захмиён ё кушташудагон дода нашудааст.

Дар бинои сӯхташуда, ки бахше аз силсиламанораҳо бо номи 8 Boulevard Walk аст, нишонаҳои шӯълаи сиёҳ дида мешаванд.

Силсиласӯхторҳо дар биноҳои баландошёна дар Дубай, ки солҳои охир дар он биноҳои осмонбӯс зиёд шудаанд, саволҳоро дар бораи бехатарии рӯйпӯшҳо ва дигар маводи истифодашуда дар аморат ба миён овардаанд.

Моҳи сентябр дар шаҳри Чаншаи Чин дар як бинои осмонбӯси 42-ошёна, ки ҳамчун идораи ширкати China Telecom хизмат мекард, сӯхтор ба амал омад. Сӯхтор биноеро, ки баландиаш беш аз 200 метр аст, зуд фаро гирифт.

Моҳи майи соли 2020 дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб бинои осмонбӯси 48-ошёна оташ гирифт. Сокинони бино тахлия карда шуданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор дар ошёнаи даҳум сар зада, баъдан тамоми бинои осмонбӯсро фаро гирифтааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Telegram-канали Mash

Ноябрь 8, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд