Дар Душанбе ҳамкорӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва Подшоҳии Шветсия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томас Данестад мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муносиботи Тоҷикистон ва Подшоҳии Шветсия, алахусус ҳамкорӣ миёни парлумонҳои ҳарду кишвар, инчунин мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигарро баррасӣ карданд.
Таъкид карда шуд, ки ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи гуманитарӣ назаррас аст. Масалан, метавон ба лоиҳаҳо барои дастгирии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; лоиҳаҳо барои эҷод намудани имконияти худтаъминнамоии аҳолӣ; лоиҳаҳо барои инкишофи бахши кишоварзӣ ва амалӣ гардонидани Стратегияи миллии паст намудани сатҳи камбизоатӣ ишора кард.
Ҳукумати Шветсия дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоти байналмилалӣ дар коркард ва молиявикунонии микролоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф ва тандурустӣ, инчунин ташкили сохторҳои ҷамъиятии демократӣ фаъолона иштирок менамояд.
Пояи қарордодиву ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Шветсия дар ҳоли густариш қарор дошта, ҳоло 2 санад — Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Шветсия барои дастгирӣ намудани инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шветсия дар бораи шарт ва ҳолатҳои умумии ҳамкорӣ баҳри рушд амал менамоянд.
Дар фарҷоми мулоқот Саидмурод Фаттоҳзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томас Данестадро ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи пурмасъулият табрику таҳният гуфта, изҳори умед кард, ки ӯ ҳангоми фаъолият дар Тоҷикистон дар тақвияти ҳамкории дуҷониба саҳми арзанда мегузорад.
Акс: МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






