Дар Душанбе оид ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва танзими анъана ва ҷашну маросим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Ноябрь 14, 2022 16:48

ДУШАНБЕ, 14.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади амалӣ намудани таҷрибаи самарабахши пешгирии исрофкорӣ дар ҷомеа дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар кори конференсия роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқон, сохторҳои шаҳрӣ, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, намояндагони комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибон, маъмурини ошхонаву тарабхонаҳои пойтахт, мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, воқеан ҳам дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати соҳибистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб мешавад. Заминаи онро арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки бо қабули қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию фарҳангӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод.

Тибқи маълумоти оморӣ, аз соли аввали қабули қонун, яъне аз моҳи июни соли 2007 то нуҳ моҳи аввали соли 2022 дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи комиссияҳои доимӣ 14575 маъракаи хатнасур, 98747 тӯйҳои домодию арӯсӣ, 16974 маъракаи чил ва 14343 маъракаи сол ба қайд гирифта шудаанд. Барои баргузории ин маъракаҳо 40023 сар чорвои калон ва 7462 сар чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳо 144640 ададро ташкил медиҳад. Хароҷоти умумӣ ба ҳисоби миёна аз шумораи маъракаҳои баргузоршуда 481 миллиону 390 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад.

Давоми понздаҳ соли сипаригардида 412 адад тӯйҳои домодию арўсии хайриявӣ ва 6790 адад хатнасурҳои хайриявӣ баргузор карда шудаанд. Ҳангоми назорати ҷараёни баргузории маъракаву маросими шаҳрвандон аз ҷониби масъулини соҳа тайи ин муддат 902 ҳолати вайрон намудани қонун ошкор гардидааст.

Таъкид карда шуд, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросим боис гардид, ки хароҷоти зиёдатӣ дар зарфи 15 соли амалкарди Қонуни миллӣ пешгирӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ҳимоя карда шаванд.

Зимни конференсия иштирокчиён дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла, «Иҷлосияи 16-ум- оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва миллӣ», «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ- роҳнамои рушди босуботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон», «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ-заминаи таҳкими сиёсати иҷтимоӣ», «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ», «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахустин минбари мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», «Нақши Пешвои миллат дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуданд.

АКС:АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 14, 2022 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд