Дар Душанбе Рӯзи Конститутсияро бошукӯҳ таҷлил карданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Коститутсия ҳомии арзишҳои инсон ва сарчашмаи бахтиёрӣ» ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар оғози ҷаласа муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода табрикоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокчиён расонид.
“Таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизи мо то замони расидан ба соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намудааст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули нахустин Конситиутсия, дар санаи 6-уми ноябри соли 1994, барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳрвандӣ ба миён омад. Аз ин ҷост, ки ҳамасола 6-уми ноябр ҳамчун санаи қабули ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ дар кишвар таҷлил мегардад”, — гуфта шуд дар ҷаласа.
Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Қабули Конститутсия, агар аз як тараф дастоварди таърихӣ буда, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.


Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондўстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб ёфта, шаҳодати ин нуқта озодии баён, мутбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.
Дар идома таъкид гардид, ки миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад.
Дар фарҷоми ҷаласа баҳри болидахотирии меҳмонону иштирокчиён барномаи фарҳангии саршор аз тараннуми ватану истиқлол, ки аз ҷониби ҳунармандони ҷавону умедбахш таҳия гардида буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






