Дар Душанбе Рӯзи Конститутсияро бошукӯҳ таҷлил карданд

Ноябрь 4, 2022 18:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Коститутсия ҳомии арзишҳои инсон ва сарчашмаи бахтиёрӣ» ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар оғози ҷаласа муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода табрикоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокчиён расонид.

“Таърих гувоҳ аст, ки  кишвари азизи мо то замони расидан ба соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намудааст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули нахустин Конситиутсия, дар санаи 6-уми ноябри соли 1994, барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи  шаҳрвандӣ ба миён омад.  Аз ин ҷост, ки ҳамасола 6-уми ноябр ҳамчун санаи қабули ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ дар кишвар таҷлил мегардад”, — гуфта шуд дар ҷаласа.

Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Қабули Конститутсия, агар аз як тараф дастоварди таърихӣ буда, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.


Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондўстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб ёфта, шаҳодати ин нуқта озодии баён, мутбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.

Дар идома таъкид гардид, ки миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад.

Дар фарҷоми ҷаласа баҳри болидахотирии меҳмонону иштирокчиён барномаи фарҳангии саршор аз тараннуми ватану истиқлол, ки аз ҷониби ҳунармандони ҷавону умедбахш таҳия гардида буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 4, 2022 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад