Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic World» мусоҳибаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи 69-уми маҷаллаи машҳуру бонуфузи «Diplomatic World» чопи Брюссел мусоҳибаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди муҳимияти роҳандозии ҳамкории байнипарлумонӣ ва дастоварду пешравиҳои пойтахти мамлакат ба табъ расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамчунин дар маҷалла оид ба имкониятҳои рушди сайёҳии устувор дар кишвар, Эъломияи ниҳоии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷо дода шудаанд.
Ҳамзамон ба мақсади таблиғу ташвиқ ва ҷалби бештари доираҳои ҳавасманд ҷиҳати иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мақола зери унвони «Конфронси оби СММ 2023: дигаргунӣ барои ҷаҳон» (2023 UN Water Conference: A watershed moment for the world) чоп гардидааст.
Шакли электронии шумораи 69-уми маҷаллаи «Diplomatic World»-ро метавон аз тариқи торнамои зерин мутолиа кард: https://www.yumpu.com/en/document/read/67315195/diplomatic-world-69
Акс: ВКХ ҶТ









Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ашқобод Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 53-юми Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои ҳуқуқи инсони СММ иштирок намуд
Барқарор намудани ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тоҷикистону Кувайт баррасӣ гардид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд
Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд






