Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic World» мусоҳибаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба табъ расид

Ноябрь 1, 2022 19:20

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи 69-уми маҷаллаи машҳуру бонуфузи «Diplomatic World» чопи  Брюссел мусоҳибаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди муҳимияти роҳандозии ҳамкории байнипарлумонӣ ва дастоварду пешравиҳои пойтахти мамлакат ба табъ расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамчунин дар маҷалла оид ба имкониятҳои рушди сайёҳии устувор дар кишвар, Эъломияи ниҳоии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷо дода шудаанд.

Ҳамзамон ба мақсади таблиғу ташвиқ ва ҷалби бештари доираҳои ҳавасманд ҷиҳати иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мақола зери унвони «Конфронси оби СММ 2023: дигаргунӣ барои ҷаҳон» (2023 UN Water Conference: A watershed moment for the world) чоп гардидааст.

Шакли электронии шумораи 69-уми маҷаллаи «Diplomatic World»-ро метавон аз тариқи торнамои зерин мутолиа кард: https://www.yumpu.com/en/document/read/67315195/diplomatic-world-69

 

Акс: ВКХ ҶТ

Ноябрь 1, 2022 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид