Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки соли равон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи сиюмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки барҳақ поягузори ҳукумати конститутсионӣ, давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, таҷлил мегардад.
Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.
Иброз гардид, ки дар солҳои 1991-1992 саросари кишварро буҳрони конститутсионӣ фаро гирифт, ки ин сабаби риоя нашудани талаботи қонунҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ фалаҷшавии рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардид.
Ин амал ба он оварда расонид, ки бесарусомониҳо ва муқовимати шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайвастанд.
Яке аз дастовардҳои хеле муҳим ва бузурги ҷомеаи мо дар бахши қонунгузорӣ- ин заминагузорӣ ба таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
6 ноябри соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида буд, бо ҷонибдории аксари шаҳрвандони кишвар пазируфта шуд.
Пас аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсозу муҳими стратегӣ дар кишвар ислоҳоти ҳуқуқӣ оғоз гардид ва тавассути ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад, қабул гардиданд.
Бояд гуфт, ки Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст. Ин дар маҷмӯъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар ин замина талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат имконият фароҳам овард, ки сохтори мукаммали идоракунӣ, Ҳукумати муосир, парламенти касбӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдории худро тибқи меъёрҳои замонаи нав бунёд намоем.
Дар ҳамоиш ҳамчунин муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода, мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фируз Сайнозимзода сухан гуфтанд.
Акс: МН МО ҶТ








Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд






