Дар Павилиони Тоҷикистон дар Миср масоили марбут ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид

Ноябрь 21, 2022 11:43

ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Идоракунии ҳамгироишудаи замин ва об дар асоси экосистема барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»- таҳти чунин унвон дар Павилиони миллӣ, ки дар ҳошияи конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср ташкил шудааст, ҳамоиш баргузор гардид. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандагони ҳамоиш мебошанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Дар ҳамоиш аҳамияти идоракунии маҷмӯии захираҳои табиӣ барои ноил шудан ба мутобиқшавии устувор нисбат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид. Инчунин намояндагони якчанд вазорату идораҳо, Фонди мутобиқсозӣ ва БРСММ роҳҳои ҳалли тезонидани мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши таъсири онро барои суръат бахшидан ба рушди устувор муҳокима намуданд.

Дар ҳамоиш менеҷери лоиҳаи БРСММ оид ба «Равиши ҳамгироишудаи ландшафтӣ барои баланд бардоштани устувории кишоварзӣ ва чорвопарварон ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон» ва аҳамияти идоракунии маҷмӯии захираҳои табиӣ барои ноил шудан ба мутобиқшавии устувор нисбат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим рӯнамо пешниҳод намуд.

Дар ҳамоиш Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода ва муовини сардори Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумита иштирок намуда, сухан гуфтанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 21, 2022 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»