Дар роҳпаймоии идона дар Суғд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ беш аз 15 000 нафар иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар роҳпаймоӣ, ки дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев сурат гирифт, беш аз 15 000 нафар сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла варзишгарон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, омӯзгорону аҳли зиё, кормандони соҳаҳои тандурустиву фарҳанг, занону ҷавонони фаъол иштирок намуда, эҳтироми Парчамро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.
Ҳамзамон дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши калони идона баргузор гардид. Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.
Тазаккур дода шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили ин сана дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ мояи ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфт, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб мешавад.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки аслан парчамбардорӣ барои аҷдоди мо – тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дури таърих сарчашма гирифта, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқӣ дошт. Дар ин раванд эҳтиром ба Парчами давлатӣ — муҳаббат ва арҷгузорӣ ба давлату халқи худ ва ба рўҳи поку мероси гузаштагони бузурги худ буда, ҳар фарди ватандўсти миллатро ба ваҳдат, сулҳу субот, созандагиву ободгарӣ ва тавоноиву нерумандӣ ҳидоят менамояд.
Имрӯз мардуми тоҷик ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо кардаанд ва он чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






