Дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон спектакли «Таъбири ишқ» намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Таъбири ишқ» пешниҳоди тамошобинон гардонида мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов.
Ҳунармандони театри мазкур 14 ноябр дар ноҳияи Дарвоз, 15 ноябр дар ноҳияи Ванҷ, 16 ноябр дар Рӯшон, 17 ноябр дар ноҳияи Шуғнон ва 18 ноябр дар шаҳри Хоруғ намоиши мазкурро пешкаш мегардонанд.
Намоиши «Таъбири ишқ» аз рӯи достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и шоири классики тоҷик Низомии Ганҷавӣ ва ҳикояҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ рӯи саҳна оварда шудааст.
АКС: Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






