Дар Суди Олӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор шуд

Ноябрь 24, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки зимни он Раиси Судӣ Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён Парчами кишварро ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон унвон намуда, гуфт, ки он дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба шумор меравад.

Таъкид гардид, ки қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мардуми мо рӯҳу тавони тоза бахшида, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро неру бахшид, то таҳти парафшонии он оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш карда, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохтори конститутсиониро дар кишвар барқарор намоянд.

Шермуҳаммад Шоҳиён изҳор дошт, ки дар ҷаҳони муосир ҳар  давлати мустақилу соҳибихтиёр маҳз тавассути рамзҳои давлатии он, махсусан Парчами давлатиаш муаррифӣ мегардад, зеро онҳо нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд.

«Дар ҳақиқат мояи ифтихор аст, ки миллати тоҷик баъди асрҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби Парчами давлатӣ шуда, таҳти роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому мартабаи хос гардид. Аз ин рӯ Парчами давлатии кишварамон дар қатори парчамҳои давлатҳои бонуфузи ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи онҳост, дар болои бинои сафоратҳо ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар давлатҳои дигар партавфишонӣ мекунад»,-зикр намуд Ш.Шоҳиён.

Зикр  гардид, ки Парчами давлатӣ мояи ифтихори сокинони Тоҷикистон, рамзи мустақилияти давлат, ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои ободу осуда буда, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа дар назди таърих, наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи муқаррароти конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъйин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Дар болои бинои судҳо ва толору ҳуҷраҳои кории судяҳо гузошта шудани Парчами давлатӣ маънои онро дорад, ки суд дар ҷумҳурӣ ҳокимияти давлатиро амалӣ мекунад ва санадҳои судиро аз номи давлат қабул менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад