Дубай ва Абузабӣ тамоми маҳдудиятҳои ковидиро лағв намуданд

Ноябрь 9, 2022 11:01

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дубай ва Абузабӣ аз 8 ноябр қоидаҳои вуруди сайёҳони хориҷиро сода карданд. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Россия (АШСР) хабар медиҳад.

Барои ворид шудан ба Дубай, дигар зарур нест, ки сайёҳон шаҳодатномаи эмкунӣ ё санҷиши ПЦР пешниҳод кунанд, менависад AШСР бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии Emirates. Дирӯз, 8 ноябр Абузабӣ низ аз чунин тасмим хабар дод.

«Коршиносон интизор доранд, ки имрӯз аморатҳои дигар, аз ҷумла Шарҷа ва ширкати ҳавопаймоии он- Air Arabia низ ба қоидаҳои вуруд ҳамин гуна тағйироти расмӣ ворид менамоянд»,-омадааст дар изҳороти AШСР.

Як рӯз пеш, 7 ноябр роҳбарияти Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) тақрибан ҳама маҳдудияти коронавирусро лағв карданд. Ба сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ, ба ҷуз аз муассисаҳои тиббӣ иҷозат дода шуд, ки ниқоб напӯшанд. Дар баробари ин сайёҳон метавонанд барои боздид аз ҷойҳои тамошобоб гузарномаи сабз, ки санҷиши манфии ПЦР-ро тасдиқ мекунад, пешниҳод накунанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

ДАР АКС: соҳил дар Дубай. АКС: AFP 2022 / Karim Sahib

Ноябрь 9, 2022 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд