Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 03.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ноябр дар пойтахт таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» Фестивали III дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Дар он донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, қисмҳои ҳарбию низомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт ширкат меварзанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Фестивал дар доираи дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади самаранок истифода намудани иншооти соҳаи варзиш, хусусан майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва наврасону ҷавонони маҳал, хонандагону донишҷӯён ва афсарону сарбозон ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи фестивал намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои шаҳрӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин аз намоиши дастовардҳои варзишии муассисаҳои варзишӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, қисмҳои ҳарбию низомии шаҳри Душанбе дидан карданд.
Зимни ифтитоҳи фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода изҳор дошт, ки имрӯзҳо барои наврасону ҷавонон шароити хуби варзишӣ фароҳам оварда шудааст. Маҳз дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буд, ки дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе майдончаҳои зиёди варзишӣ ва маҷмааҳои калони варзишӣ бо муосиртарин шароит сохта, ба истифода дода шуданд. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд аз имконияти фароҳамбуда истифода намуда, парчамбардори Ватану миллати хеш бошанд.
Дар идомаи фестивал барномаи театрикунонидаи варзишӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки маросими пӯшидашавии Фестивали III дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе 14 ноябр дар “Кохи Суруш”-и пойтахт дар назар дошта шудааст.
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






