ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ. Дар Душанбе ин озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид

Ноябрь 26, 2022 13:05

ДУШАНБЕ, 26.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С Айнӣ» Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо тантана ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Даври чоруми озмун 21 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз шуда, тайи 4 рӯз дар бахшҳои гуногун дар муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои бонуфузи кишвар идома ёфт.

Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.


Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур бо сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) соли дуюм аст, ки аз рӯйи 7 (ҳафт) номина миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва бо иловаи номинаи ихтироъкорӣ байни олимону муҳаққиқони синни гуногун баргузор мешавад.

Тибқи Низомномаи озмун, ба ҳар номина 2 ҷойи 3-юм, 2 ҷойи 2-юм ва 1 ҷойи якум пешбинӣ шуда, ба ғолибони ҷойҳои 3-юм понздаҳ (15000) ҳазор сомонӣ, ҷойҳои 2-юм бисту панҷ (25000) ҳазор сомонӣ ва ба ҷойи 1 сиву панҷ (35000) ҳазор сомонӣ туҳфаи пулӣ ва ҷому ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд. Инчунин ба омӯзгорони хонандагони ғолиб ба маблағи даҳ (10000) ҳазор сомонӣ туҳфаҳои пулӣ тақдим гардиданд.


Дар номинаи «Химия»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» хонандаи Муассисаи таълимии давлатии “Литсей барои хонандагони болаёқат”- шаҳри Хуҷанд Сарвиноз Рауфова ҷои 1, хонандаи Гимназияи №4-и ш. Душанбе Абдувоҳид Бобозода ҷои 1, хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 Хайрулло Саъдуллоев ҷои 2, хонандаи Литсейи №5-и шаҳри Исфара Мустафохӯҷа Эшонов ҷои 3 ва хонандаи Литсейи Ҳотам-П.В.-и шаҳри Душанбе Нуриддин Вализода ҷои 3-юмро ишғол намуданд.

Дар номинаи «Химия»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» донишҷӯи Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон Насимҷон Шамсуддинов ҷои 1, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷумабой Қурбонов ҷои 2, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино Бобохон Ҳофизов ҷои 2, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меҳриддин Икромов ҷои 3, донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Меҳрангез Зоҳирова ҷои 3-юмро соҳиб шуданд.


Дар номинаи «Биология»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» хонандаи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Данғара Фариза Акрамова ҷои 1, хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ш. Душанбе Меҳрона Ғуломова ҷои 2, хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, н. Б. Ғафуров Муаттара Охунова ҷои 2, хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ш. Душанбе Умеда Фозилова ҷои 3 ва хонандаи Литсейи №3- шаҳри Душанбе Мунаввархон Валиев ҷои 3-юмро соҳиб гардиданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

Ноябрь 26, 2022 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад